БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЙВАСТА МАРДУМРО АЗ ХАТАРИ КОРОНАВИРУС ОГОҲ МЕСОЗЕМ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” бо сокинони кӯча, маҳалла ва деҳаҳои ноҳия пайваста суҳбатҳо доир менамоянд

Чунин суҳбати судманд бо усули “хона хона” бо сокинони деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Меҳвар гузаронида шуд. Дар баромади таблиғотчиён қайд гардид, ки бо паст шудани шиддати бемории COVID-19 мардум нисбати саломатии худ бепарвоӣ зоҳир намуда, дар кӯчаю бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоби муҳофизатӣ гашту гузор менамоянд, ки ин  бепарвогӣ боиси сироятёбӣ аз мавҷи дуюми коронавирус  мегардад. Инчунин,  дар идомаи суҳбат масъулин бо даст ва оғӯш кашида салом накардан, ҳангоми суҳбат масофаи байниякдигарро тавсия доданд. Ба соҳибхонаҳо фаҳмонида шуд, ки сарчашмаи саломатӣ ин риояи талаботҳои беҳдоштӣ мебошад ва онро бояд қатъӣ риоя намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg