БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муқовимати ҳар фард бо коррупсия аҳамияти калон дорад!

ВАХШ.Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхона" хониши сиёсӣ дар мавзӯъи "Пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия", мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов доир карда шуд.

Зимни баромад Одилҷон Маҳмадов аз суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар,ки вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар баъзе кишварҳои олам, ҳолати дастрасии аҳолии сайёра ба неъматҳои моддию сарватҳои табиӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва низоъҳои солҳои охир ба ташаккули дунёи маънавии инсониятро дар бар мегирифт, ёдоварӣ намуд.

Инчунин,  мавсуф зимни суханронӣ зикр кард, ки ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикоррупсионӣ дар фаҳмиши аҳолӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб, баробари дигар омилҳои хавфноки ҷомеа,  аз қабили терроризму ифротгароӣ ва нашъаҷаллобӣ бедор намоем, ки минбаъда низ ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, саҳми арзандаи худро дар пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg