ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус Covid -19 ва эмин нигоҳ доштани аҳолӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо усули “хона ба хона” Аксияи тарғиботӣ доир намуданд. Ба аҳолӣ фаҳмонида шуд, ки қоидаҳои беҳдоштиро ҳатман риоя карда, ниқобҳои тиббӣ истифода баранд ва дар ҷойҳои серодам сайругашт накунанд. Сипас, ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирусро тақсим намуданд.