БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМИЛИ АСОСИИ ҶУДОИАНДОЗӢ ДАР КУЛЛИ КИШВАРҲО БЕСАВОДӢ, ҶАҲОЛАТ ВА НОДОНИИ МАРДУМ АСТ!

АНДЕША. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан кишварҳои Ховари Миёна, дар ҳоли ҳозир гирифтор ба ҳодисаҳои нохостаи гурӯҳу созмонҳои мухталифи тундрав, ки таҳти ниқоби дини мубини ислом ошкоро ба мубориза бархостаанд, қарор гирифтаанд. Яке аз масъалаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри ХХI, ки бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ хатари байналмиллалиро ба кор овардааст, ифродгароӣ ба ҳисоб меравад. Пуштибони ин гурӯҳ ҳамоно қувваҳои тафриқаандоз ва иғвоангези беруна аст, ки ҳадафашон амну осоиштагии мардумонро барҳам задан ва ба ҳамин васила афкори ғаразонаи хешро таҳлил намудан аст.

Ягона воситаи ба майдон кашидани ҷавонони ноогоҳ ва оғуштаи хун намудани миллату халқиятҳо дар Шарқ тӯли таърихи дароз дини ислом қарор гирифтааст. Баъди асри 15 идеологияи фитнабарангезӣ дар шарқ ва мутеи худ гардонидани кишварҳои мусалмонӣ ва афкандани хушунатҳои мазҳабӣ ва хусумату ҷудоӣ ислом буд, ки бо ҳидояти бегонагони манфиатҷӯ ва ба истифодаи нимчамуллоҳои бадкешу бесаводи бефарҳангу ҳуввияти динию миллӣ пиёда карда мешуд. Омили асосии ҷудоиандозии дар кулли кишварҳо бесаводӣ, ҷаҳолат ва нодонии мардум аст, ки аз ин силоҳ кишварҳои пешрафта дар ҳамаи мамлакатҳои қафомонда истифода менамоянд.

Маҳз, ҳамин бадномкунандагони ислом ва ғарқ дар ҷоҳилият дар асри ХХI ба эъмори давлати исломӣ ва хилофот пардохтаанд, ки боиси нооромии тамоми кишварҳои исломӣ, кушта шудани ҳазорон нафар мусулмонони бегуноҳ, овораю дарбадар шудани ҳазорон кӯдакону наврасон, пирону барҷомондагон, хароб шудани маҳру рустоҳо ва рехтани обрӯю манзалати дини поки ислом гардидааст.

Мо дар марҳалаи бурду бохти ҷаҳони муосир, кашфиётҳои гӯшнашуниди илмию фарҳангӣ, дигаргуншавии тафаккур ва ҷаҳонбинии мардуми сайёра, ба ҳам наздикшавии тамаддунҳо ва ба таҳаввулоти ҷиддии бесарусомонӣ гирифтор шудани як идда ҷавонони ноогоҳ аз дину оин ва хираду тафаккур дар кулли сайёра қарор дорем.

Дар ин марҳалаи бурду бохтҳо зиракии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан, номуси миллию мазҳабӣ ва аз ҳама болотар, фирефтаю бозичаи ақидаҳои бофтаю сохта ва найрангу бозиҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ва экстремистию қавмӣ нагардидани ҳар як фард барои субот ва оромии ҷомеа зарур аст.

Бекмамадов Асалмамад, аъзои гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg