АНДЕША. Тарбияи нодурусти фарзандон дар оила ва муҳити носозгор аз умдатарин омилҳоест, ки ҷавононро бо роҳи ғалат савқ дода, онҳоро дар кӯчаи сарбастаи рӯзгор мувоҷеҳ ба мушкилот сохтааст. Аз ин ҷост, ки оилаҳоро метавон ба оилаҳои муваффақ ва номуваффақ қисмат намуд. Фарзандони дар оилаҳои муваффақ тарбиятёфта бо заковату фаросати фарогир мусаллаҳ буда, дар шебу фарози зиндагӣ мавқеи заруриро касб кардаанд. Баръакси ин ҳол, насли дар оилаҳои номуваффақ ва ноустувор буда, афкор ва тасмими хоси худро доро нестанд.
Экстремизм, терроризм ва ифротгароӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ зарари калони худро расонидааст. Бадбахтона, дар мавзеъҳои таҳти тасарруфи экстремистон қароргирифта, бештари мактабу муассисаҳои томактабӣ баста шуда, китобхонаю театрҳо тахриб ва ё пурра аз фаъолият бозмондаанд. Амну субот аз байн рафта, террор ва даҳшатафканӣ болои мардум ба як амали муқаррарӣ табдил шудааст. Баёни озодонаи фикр, маҳфилҳои шеъру суруд, нишастҳои адабию фарҳангӣ аз байн рафта, ҷои онро намоиши қатлу ғорат ва таъқибу фишор гирифтааст. Бояд таъкид намуд, ки шикасти рӯҳӣ гирифтани кӯдакон қобилияти зеҳнии онҳоро кунд ва дарки бештари масъалаҳоро барояшон душвор мегардонад ва ин норасоии психологӣ кӯдаконро то охири умр дунболгир хоҳад буд.
Насли ҷавонро мебояд, ки аз аҳли солим кор гиранд, на бо фикру андешаи дигарон рӯзгор ба сар баранд ва бо ҳамин васила хостаҳои худро пиёда кунанд.
Махсусан, муаллимону устодон бояд чун зиёӣ ва ҳидоятгару носеҳ дар ҳар машғулияти беруназсинфию беруназмактабӣ, ҷаласаҳои кумитаҳои падару модарон, семинару конфронсҳо дар кушодани ин равияву гурӯҳҳо бо далелҳои қавӣ саҳм бигиранд ва дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ин равияву мазҳабҳои сохташуда нақши бузурги худро гузошта тавонанд.
Дунявӣ донистани давлат ба ҳеҷ сурат маънии дин аз давлат ҷудо буданро надорад, танҳо ташкилотҳои динӣ фаъолияташонро дар алоҳидагӣ анҷом медиҳанду халос. Ба ифодаи дигар, мавҷудияти ҳар давлат бо пойдории дин пайванди ногусастанӣ дорад, ки моҳияти ин масъаларо ҳамагон бояд донанд. Ҳар яки мо бояд барои бартараф намудани ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм чораҳо андешем. Мавриди татбиқи фарогир қарор доштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки миёни аҳли ҷомеа ба ҳайси қонуни миллии кишвар сохта шинохта шудааст, ҳамчун аслиҳаи тавонманд ба тарбияи мустақими наврасону ҷавонон таъсири мусбат хоҳанд гузашт.
Вазифаи ҳар яки мост, ки муҳаббат ва ишқи зодгоҳ, забон, марзу бум, миллат ва Ватанро дар қалбу дидаи ҳамзабонон фурӯзон нигоҳ дорем ва ба ҳеҷ ваҷҳ нагузорем, ки онҳо по ба роҳи ғалат ниҳанд.
Ҳасанзода Тағоймурод, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун