БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ШАҲРВАНДОН ДАР ТАТБИҚИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАСЪУЛЕМ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Лолазор 1-и Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз дар якҷоягӣ бо раиси маҳаллаи мазкур Сафолов Раҳмиддин ва мудири бунгоҳи тиббӣ  Мусулмонова Таманно бо аҳолӣ бо усули  “хона ба хона”  вохӯрию суҳбатҳо оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии  (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ намудан аз касалии сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ-ро  супориданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат масъулин дар бораи захираи маводи хӯрока барои фасли сармо, сафарбар кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати  тирамоҳӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои коррупсионӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо, нашъманадию нашъаҷаллобӣ  андешаронӣ карда, афзуданд, ки  мо шаҳрвандонро зарур аст, ҳар таъкиде, ки аз ҷониби Роҳбари давлат  карда мешавад, дар татбиқи он вазифадорем ва бо амалҳои созандаи хеш ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо  масъулияти баланд нишон диҳем.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg