БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛУ ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДА АЗ СИРОЯТЁБИИ СOVID-19 ВА ТАБЛИҒОТ БАҲРИ ЗАХИРАИ МАВОДИ ҒИЗОӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои корам, ба роҳ мондани корҳои тозакунию безарраргардонӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва кӯчаю маҳаллаҳо бо усули “хона ба хона” бо сокинони маҳаллаи Ҷомии ҳудуди шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ  вохӯрию мулоқотҳои судманд гузарониданд.

Ҳамзамон намояндагони ҳизбӣ бо шароити зисту зиндагонии сокинон, истифодаи заминҳо, ҳолати гузаронидани кишти такрорӣ шинос гардида, ба мардум ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва захираи маводи ғизоӣ бо истифода аз ҳосили ҷамъоваришуда тариқи консервакунонӣ ва хушконидани меваҷот дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Дар рафти мулоқоту вохӯриҳо аз ҷониби ҳизбиён ба сокинон ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ дастрас карда шуд.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg