БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭҲЁИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фирдавсӣ” дар вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо омӯзгорон доир гардид.

Зимнан, масъулин вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, қайд карданд, ки новобаста аз он, ки шумораи гирифторони ин беморӣ дар дунё коҳиш ёфта бошад, мо бояд нисбати ин вабои аср беэътинои зоҳир накарда, саломатии худ наздиконро дар ҷои аввал гузорем.

Гузашта аз дар рафти чорабинӣ  масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки воқеан мо шоҳиди он ҳастем, ки яке аз марҳилаҳои таърихӣ ва сарнавиштсози миллати сарбаланди тоҷик ин дар айни даргириҳои хунини солҳои аввали Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз оғози гардиши куллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон гашта, низоми давлатдориро барои миллат заминаи асосӣ гузошт. Интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин қарори иҷлосияи мазкур буд, ки аҳамияти бузурги онро воқеаҳои баъдина тасдиқ карданд.

Ҳамчунин,  дар идомаи суҳбат ҳозирин аз иштирокчиёни чорабинӣ даъват ба амал оварданд, ки санаи 11-уми октябри соли равон дар маъракаи муҳимми сиёсӣ - яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба ин васила мавқеи сиёсии худро дар ҷомеа муайян созанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg