ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади ба мардум фаҳмонида додани роҳҳои пешгирии коронавирус дар деҳаи Қадаҳии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо бо усули “хона ба хона” бо бештар аз 63 нафар сокинони хонаҳои истиқоматӣ дар бораи коронавирус ҳамчун бемории хатарноки сироятӣ, роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба он, вазифаи асосии ҳар як шахс дар мубориза ҷиҳати аз байн бурдани он суҳбат намуданд.
Дар суҳбатҳои доирнамуда таъкид карда шуд, ки ин саломатии ҳар кас дар дасти худи ӯст. Беэҳтиётӣ нисбати талаботҳои гигиенаи шахсӣ боиси ҳодисаҳои нохуш шуданаш мумкин аст.