БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ЁДИ ВАТАН БОШЕМ...

АНДЕША. Дар шароити кунунӣ, ки фазои иттиллотии мардум дар ҳолати таҳлука ва барангезандаи муноқишаҳои идеологӣ мондааст, куллан ҳамаи мардум дарки амиқи манфиатҳои экстремистони фоҷеаангезро бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ пайгир набуда, бар мунофиқии онҳо бовар карда худашонро қурбони ҷиноятҳои сангин месозанд.

Аслан афроде,ки  дучори ин манқурдҳои нафспараст мегарданд,  мардуми оддии сифати соддалавҳӣ дошта ва дар дину мазҳаб устувор мебошанд, ки бо методҳои махсуси экстремистон шомили муҳорибаҳои зеҳнӣ гардида, баъди мағзшӯи фидоии хоҷагони худ мегарданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зери ин гирдоби Аҳриманӣ- гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ  мебошанд, зеро ки ин ду қишри ҷомеа ҳам аз ҳисоби дурӣ аз наздикон ва ҳам аз ҳисоби дар гардиши сину соли балоғати қарор доштанашон бо мушкилотҳои зиндагӣ дучор шуда, барои халосӣ аз ин ҳолат ҳамагуна роҳҳоро меҷӯянд. Аз ин лиҳоз ин ду манба барои базудӣ дар доми найранг уфтодани шахсони ғаразпеша қулай мебошад. Ҳама дар назар аён аст, ки мардуми муҳоҷир дар аксар ҳолатҳо зери азият ва шиканҷа қарор мегиранд, аммо дар кадом ҳолате набошем бояд бо ёди Ватан бошем, зеро ки агар дар зеҳну ақли мо меҳри Ватан ҷӯш занаду бар наздиконамон бо чашми меҳролуд назар афканем ин имкони ҳосили муродҳои мост.

Муҳоҷират ва ё ҳиҷрат кардан дар ҳама давру замон буд ҳаст ва мемонад, чун ки ин омили рушд барои иқтисодиёт ва дарки ҷаҳонбинии аҳолии кураи замин мебошанд. Ҳатто агар ба таърихи дин назар афканем Паёмбарони Худо низ барои омӯзиш ва тарғиби равияҳои динӣ зарур мешумурданд, ки ҳиҷрат кунанд ва дар ин давра онҳо низ азият медидан, вале дар ин масир ҳеҷ вақт ба Ватан хиёнат намекарданд бар акси ҳол кӯшиши ободии зодгоҳашонро менамуданд. Ё мисоли дигар бузургон ва адибони илму адаб мебошанд, ки мо аз ҳаёт ва фаъолияти онҳо огаҳӣ дорем, ки чигуна онҳо барои воқиф гардидан аз илми дунё ба муҳоҷират баромада, мавриди шиканҷаи ғаразпешагон қарор мегирифтанду, аммо аз кашфи илм ва ҷамъ намудани ашъори баландпоя ба хотири побарҷо будани миллат ақибнишинӣ намекарданд, маҳз ҳамин миллат дӯстӣ ва назари нек доштани бузургони мо аз зумраи Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абурайҳони Берунӣ  дар қатори инҳо дигар бузургони илму адаб ва аз намояндагони дини мубини ислом бошад.  Нуъмон машҳур бо номи Имом Абӯҳанифа, ки покизатарин мазҳаби  дини исломро дар олам машҳур маъруф намудааст дар замонҳои зиндагиашон аз ҷониби душманон дучори ҳуҷумҳои зеҳнӣ  мегардиданд ва баъзеҳояшон ба муҷозот ҳукм мегирифтанд, аммо волоияти поквиҷдонияшон намегузошт бар халқу Ватан зиён биёранд, танҳо тафаккури инсонӣ метавонад мартабаи моро дар ҷомеа ва дар назди Худованд ба манзалати воқеӣ расонад.

Ҳаёти чунин шахсиятҳои бузурги динию илму адаб, ки бо сарзанишҳои кӯрдилони нафспарасту мансабхоҳ пушти сар шудаасту то ҳол мардум бо назари нек ёдовариашон макунанд, бояд ибратомӯзи мо бошад, ҳол он ки шароити зисту зиндагӣ ва пешравии ҷаҳони муосир аз зиндагии онҳо куллан фарқ дорад мо аз сад як ҳиссаи мушкилоти камбудии рӯзғори онҳоро надидаем, вале дар бисёр мавридҳо мебинем, ки аз рӯи мушкилоти рузғор не балки аз рӯи ҳавову ҳавас ва нодони ҷавонони мо бо гурӯҳҳои экстремистӣ ҳамовозӣ намуда, бар решаи худашон табар мезананд.

Мақсад аз мисол овардани муҳоҷирон дар ин нашр дар он аст, ки маҳз муҳоҷирон зери ҳадафи гурӯҳҳои ифротӣ қарор доранд ба он хотире, ки ин қишри азиятдида ба шумор рафта, мағзшӯӣ  ва ҷалби онҳо ба муқобили давлату миллат осон аст. Ва набояд мо пешравиҳои давлатро нодида гирифта, бо ақидаҳои разилонаи онҳо думболагирӣ намоем. Чунончи дар боло зикр намудем ин муҳоҷират танҳо дар замони мо ва давлати мо нест ин дар ҳама давру замон буд ва алҳол дар тамоми кураи замин вусъат дорад.

Мо аз волоияти ватандӯсти бузургонамон бояд манша гирифта, на ба хотири мукофотҳои ночизи кӯрдилони хиёнаткор бар чашми миллат мил кашем, зеро ки Арастуи бузург мегӯяд «Чизҳои маълум ба каме аз одамон маълуманд». Дуруст аст, ки шаҳомати кӯҳро фаҳмидан бихоҳӣ, ба он наздик бишав. Дар воқеъ агар бар фарҳангу тамаддуни хеш назар афканем пас ҷоиз нест заҳматҳои чандинҳазорсолаи бузургону қаҳрамонони миллатро зери таҳқири ҷаллодони ҷоҳил аз қадри инсонӣ бигузорем. Месазад, ки пайрави инсонҳои шоистаи замон бошему бо кирдорҳои неку ахлоқи ҳамидаи инсонӣ  номи худ ва миллати худро дар хотираҳои таърих сабт намоем.

Бо ёди Ватан бошем ва фаромӯш насозем, ки пас аз дуриҳои ғурбат Ватан оғӯши модаронаашро кушода, моро зери боли муҳаббат қарор медиҳад.   

Мусулмон, волонтёр аз ноҳияи Ёвон          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg