БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО СОКИНОН ИДОМА ДОРАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Саидов Зайнулло корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир ба пешгирии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки замин дар деҳаи Эшонободи Ҷамоати деҳоти Гулистон бо усули “хона ба хона” суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ, вобаста ба мавзуъи муҳими рӯз, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, бемории сироятии коронавирус андешаронӣ карда шуда, аз сокинон ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар хонадон, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ барои муҳофизат аз сироятёбии коронавирус даъват ба амал оварда шуд.

Дар раванди суҳбату вохӯриҳо ба сокинон 350 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ва 260 адад варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg