БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИНТИХОБОТ ФАЪОЛОНА ШИРКАТ МЕКУНЕМ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ ҷиҳати иштирок дар маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офтобак” бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ Мунаввараи Бозоралӣ ва Шоева Дилноза  вохӯрӣ  баргузор  гардид.

Сараввал мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ ба сухан баромада, қайд намуд, ки соли 2020 барои ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб соли фидокорӣ ва масъулиятшиносӣ ба ҳисоб меравад, зеро, ки маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи Президентӣ моро дар пеш интизор аст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳибии “Офтобак” Ализода Гулрухсор ба сухан баромада, зикр намуд, ки ҳайати омӯзгорони  ин муассисаи таълимӣ аз худ масъулияти баланд эҳсоос карда, дар ин маъракаи сиёсӣ фаъолона иштирок менамоянд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg