БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРЕМ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати гирифтани то се ҳосил аз як замин, мақсаднок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни барои миллати тоҷик муқаддасту таърихӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи калонтарини ноҳия, деҳаи Ғарав бо усули “хона ба хона” суҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.

Дар вақти суҳбату вохӯриҳо масъулини ҳизбӣ  бо сокинони хонаҳо суҳбатҳои ошкоро доир намуда, ҳамзамон бобати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, безараруат набаромадан аз хона корҳои фаҳмондадиҳӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg