БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИН ДАВРАИ ҲАССОС РИОЯИ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ ҲАТМӢ МЕБОШАД

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо мақсади ба шаҳрвандон расонидани  моҳияти мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин  дар ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ»  хониши сиёсӣ доир намуданд.

Намояндагони ҳизбӣ зимнан дар назди ҷамъомадагон оид ба  хуруҷи дуюми бемории коронавирус андешаронӣ карда, онҳоро барои  риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ дар хонадон ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани дастпӯшаку  ниқобҳои тиббиро  тавсия доданд.  Инчунин, дар ин раванд дар бораи  истифодаи самараноки замин, омодагии ҷиддӣ ба ҷамъомарию захираи маводи ғизоӣ барои  фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021  мулоҳизаронӣ карда,  иштирокдоронро барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  талқин намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg