БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сино-5» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ализода Одил ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирӣ Исоев Фаррух доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Нахуст, Ализода Одил ба сухан баромада, қайд намуд, ки аз нуқтаи назари тибб ифлосшавии муҳити зист омили асосии вайроншавии хусусиятҳои ҳирсии организм гардида метавонад. Ғайр аз ин тамокукашӣ истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ, истеъмоли хӯроки пастсифат, норасогии инкишофи ҷисмонӣ метавонад боиси пайдошавии бемориҳои сироятӣ гардад.
Омиле, ки ба эҳтимолии инкишофи беморӣ мусоидат мекунад ва оқибати номусоид ба вуҷуд меорад, хатарнок аст. Дигар баромадкунандагон низ оид ба масъалаи мазкур дар назди ҷамъомадагон фикру мулоҳизаронӣ намуданд.