ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо усули “хона ба хона” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади баланд бардоштани маърифати шаҳрвандии сокинон дар маҳаллаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук оид ба пешгирии хуруҷи дуюми бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.
Зимни суҳбат намояндагони ҳизбӣ қайд намуданд, ки коронавирус, ки бо номи бемории (COVID-19) ҳамчун пандемия дар тамоми сайёра шинохта шудааст, боиси аз байн бурдани ҷони ҳазорҳо инсонҳо дар сайёра гардидааст. Аз ин рӯ, дар муқобили ин беморӣ мубориза бурдан, бахусус риояи гигиенаи шахсӣ ва дигар тавсияҳои пешниҳодгардида аз ҷониби мутахассисон боиси солимии аҳли ҷомеаи мо хоҳад буд.