А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулин аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо коронавирус дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсов роҳандозӣ намуда, бо усули “хона ба хона” бо сокинон суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.
Дар рафти мулоқоту вохӯриҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо мардум оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, ташкили корҳои поксозию безараргардонии маҳалли зист, аз ҷониби мардум ҳатмӣ будани истифодаи ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ суҳбатҳо доир намуданд.
Ҳамзамон, намояндагон бо ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии сокинон шинос гардида, ба мардум оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам дастуру тавсияҳо доданд.
Инчунин, масъулин ба мардум оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикиро дастрас карданд.