БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИН БОЙИГАРИИ ДЕҲҚОН АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Бо максади омодасозии барномаҳои давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба истифодаи самараноки замин дар ноҳияи Носири Хусрав тадбирҳои зарурь амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву  пиёз, помидор ва дигар зироатҳои ғалладонагию полезӣ зиёд карда шудааст.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав с дар маҳаллаи  Бешкаппа  3-и  Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо усули «хона ба хона»  ва  дар  байни  кормандони  саҳро корҳои  фаҳмондадиҳиро  роҳандозӣ карда, онҳоро ба меҳнати софдилона дилгарм сохтанд.

Дар навбати худ хоҷагидрон аз дастгириҳои фаровони давлату ҳукумат нисбат   ба дастрасии деҳқон ба замин изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат кӯшиш мекунанд, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg