БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЁЗМАНДОНРО САРПАНОҲ МЕШАВЕМ

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг барои иҷрои талаботҳои Аксияҳои таблиғотии  “Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем”  ва “Дар таъмини амнияти озуқавории шаҳрвандон саҳм мегузорем” бо  сокинони деҳаи Токаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Дар суҳбати доирнамуда ба ҳозирин дар бораи сиёсати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал маълумот дода шуд. Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар  ва чанде дигарон баромад намуда, мақсади худро ҷиҳати ба ниёзмандон сарпаноҳ шудан ва дар амнияти озуқавории онҳо саҳм гузоштан баён доштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg