БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕПАРВОӢ НИСБАТИ САЛОМАТӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ ШАХС АСТ

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус  бо сокинони  кӯчаи 8 - марти   Ҷамоати  шаҳраки Ховалинг бо усули “хона ба хона” суҳбат намуданд. 

Ба иштирокдорон фаҳмонида шуд, ки бемории коронавирус  дар кишвар пурра аз байн бурда нашудааст. Ҳоло ҳам гирифторшавӣ ба ин беморӣ дида мешавад. Аз ин  рӯ, мардум набояд бепарво бошанд ва бояд ба таври ҳатмӣ қоидаҳои беҳдоштии шахсиро риоя намоянд.

Дар суҳбатҳо  бештар аз 96 нафар соҳибони манзилҳои исиқоматӣ  иштирок намуда, дар бораи роҳҳои гузариш ва пешгирии бемории коронавирус маълумот пайдо намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg