ШАҲРИТУЗ. Дар ҶДММ бозори «Пайванд»-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Хуљаев Саидаҳмад вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни љавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши љавонон ба гурӯҳҳои тундгаро ҳарф зада, иштирокдоронро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ободонии Ватан ҳидоят намуданд.