ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID - 19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.
Масъулин ҳангоми суҳбат бо сокин оид ба пешгирии бемории мазкур иброз доштанд, ки коронавирус бемории сироятии шадиди роҳҳои нафаскашӣ буда, ба бемории зукоми маъмулӣ (гриппи ОРВИ) умумияти зиёде дорад. Манбаи асосии зукомҳои ба ҳам монанди (вирусҳо) дар табиат мавҷуд буда, ҳайвонотҳои ваҳшӣ мебошанд.
Коронавирус ҳам аз ин ҳолат сарфи назар нест, аз рӯи баъзе маълумотҳо аз мушҳои паррон ба инсон гузаштааст. Вируси мазкур солҳои пеш низ ба мушоҳида мерасид, вале ба ҳудуд ва шумораи ками одамон сироят менамуд. Таҷриба нишон дода истодааст, ки организми инсон оҳиста-оҳиста ба вируси мазкур низ мутобиқ мегардад. Шумораи зиёди шифоётагоне, ки дар давлатҳои ҷаҳон ба мушоҳида мерасад ва аз тариқи васоити ахбори омма ҳамарӯза дар ин бора маълумот пахш мегардад, гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад. Вале дар кураи замин бо суръати кайҳонӣ паҳн шудани ин вирус инсониятро маҷбур намуда истодааст, ки ба сабабу омилҳои ба ин бемории вирусӣ мубтало гардидани инсонҳо, диққати махсус ва чораҳои амалӣ андешанд. Ногуфта намонад, ки оризаи хафноки бемории зуком (грипп), ин илтиҳоби вазнини шуш (пневмония) маҳсуб мегардад.