ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба пешгирии сироятёбии шаҳрвандон ба бемории коронавирус, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии шаҳрвандон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сармантой 1-2” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти ин чорабинӣ ба истиқоматкунандагони маҳалла ва роҳгузарҳо ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дастрас карда шуд. Ҳангоми бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ қатъиян риоя намуда, беҳуда ба кӯча набароянд ва ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.