БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА РӮЗҲОИ БАШУМОР МОНДААСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. вохӯрии гурӯҳи кории кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо як гурӯҳ саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Боҳтуробод» сурат гирифт. Чунин вохӯриҳо бо мақсади таблиғу ташвиқи пешгирии бемории сироятии коронавирус, оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин ва захираи ҳарчи бештари молу маҳсулот роҳандозӣ  мегардад.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷаъфар, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия  Суҳроб Валиев, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Ибодуллоева Нуринисо иштирок ва оид ба мавзуъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки аҳли хоҷагидорон тамоми фаъолияти худро пурра барои бардоштани ҳосили баланд, самаранок истифода бурдани заминҳо ва роҳу усулҳои захираи маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ мондаанд. Аҳли заҳмат аллакай ба мавсими ғунучини ҳосили пахта ва беталаф ғундоштани ҳосили бадаст омада омодагӣ дида истодаанд.

Хоҷагидорон, инчунин ба занбӯри асалпарварӣ низ машғул буда,  заминҳои канори роҳро барои нигоҳубини оилаҳои занбӯри асал истифода мебаранд, ки воқеан лоиқи таҳсин аст.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg