БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ МЕБОШАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пахтакор” вохӯрӣ  бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва маъракаи муҳимми сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Зимни суҳбати худ масъулини ҳизбӣ қайд карданд,  ки дар чунин шароити ноустувори ҷомеаи ҷаҳонӣ дар руҳияи  баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Ҳамзамон, вобаста ба интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихобот фаъолона ширкат намоянд.

Дар  фарҷоми вохӯрӣ иштирокдорон  саволҳои худро ба ҳозирин дода, ҷавобҳои қаноатбахш  гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg