БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар таърихи 29 августи соли ҷорӣ шанбегии умуминоҳиявӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба 29-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамаи шаҳрвандон барои тоза намудани кӯчаву роҳравҳо ва назди ташкилоту идораҳо сарҷамъшуда ба корҳои тозагию ободонӣ  машғул гардиданд. Дар ин рӯз кӯчаву роҳравҳо ва обравҳои маркази ноҳия пурра аз партовҳо тоза карда шуда, дар ин маъракаи умуминоҳиявӣ  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ фаъолона иштирок намуда, саҳми арзандаи худро гузоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg