БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ШИНОСНОМАИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ

Тоҷикистон давлати поянда бод,

Ҷашни истиқлоли ту фархунда бод.

Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш, соҳибхирад ва соҳибэътибор мебошад.                                                                                                                                                      

                                                                                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

                                                                                                                                                                      

 

АНДЕША. Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиклоллият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик мебошад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз омадааст.

Истиклолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи такдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Истиқлолият чун олитарин меҳмони пурфайзу пурсаховат бар хони кишвари тоҷикон 9 сентябри соли 1991 қадам ранҷа намуд. Ин миллати меҳмоннавоз қудуми мубораки меҳмони олиқадри деринтизорро воло ҳисобида, ба хубӣ пазируфт. Гарчанде бархе аз номуродон сараввал чун душманони ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин рӯйдоди бузурги таърихиро накарда, миллати камтаҷрибаи тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми баруманди ин сарзаминро муҳоҷир карданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон монданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд. Зеро ин миллати бузургро марди бузургу дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ намуд. Бо мурури замон ҳама душворию азиятҳо паси сар шуданду давлат орому миллатамон шод гардиданд.

Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд, имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд ва чун қавмӣ бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлолият аст.

Имрӯз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол нашиносад. Имрӯзҳо миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 29-солагии Истиқлолияти миллӣ ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзиштии осоишта мекушад. Имрӯз миллати сарбаланди тоҷик бо ифтихори бузурги миллӣ аз дастовардҳои бузурги истиклолият бо иншоотҳои бузурги кишвар, сохтмони НБО-и Роғун, Сангтӯда-1, Сангтӯдаи-2, «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб» ва дигар иншоотҳои бузург ифтихор дорад.

Бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият, ки соли 1994 сурат гирифта буд, қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ мебошад. Конститутсия мавқеи шахсро дар ҷамъият дар мадди аввал гузошта, гувоҳи тантанаи сохтани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад.

Ҳамин тариқ, самараи неки истиклол аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистонро дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар мешиносанд. Таҷрибаи сулҳи точикон - манбаи омӯзиши сулҳофари ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Аз ин лиҳоз мо ҷавонон бояд ба қадри ин неъмати Худодод бирасему  кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки ягон бесарусомонӣ ба  диёри мо наояд. Дар баробари ин мо бояд аз ин миллати обрӯманди худ биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

КАМОЛИДДИНЗОДА Ҷомӣ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg