БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Робита бо маҳал қавӣ гардида, шинохти ҲХДТ дар байни аҳолӣ боло меравад

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинони деҳаи Тоҷикистон 1-и ҷамоати деҳоти Ғайрат вохӯрӣ баргузор намуданд.

Инчунин, дар вохӯрӣ масъулин оид суханрониҳои Пешвои миллат бо аҳли зиёи мамлакат,  нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.

Дар рафти маҷлис иброз доштанд, ки таҳкими сулуҳу субот, муттаҳидию сарҷамъии мардум олитарин ҳадафи ҲХДТ мебошад, мо маҳз ба ҳамин хотир инҷо омадем, ки мардумро сарҷамъу муттаҳид сохта, аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат пайравӣ намоем.

Сипас,сокинони деҳа аз иқдоми неки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҳавасманд гардида, ба хотири муттаҳидии мардум, пешниҳод намуданд, ки дар деҳа  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg