БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шарҳу тавзеҳи мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону зиёиёни кишвар дар маҳал

ПАНҶ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва ба мардум шарҳу тавзеҳ додани моҳияти  мулоқоти Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар маҳаллаи Дарвози ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови  ноҳияи Панҷ бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оид ба  хавфу хатарҳои терроризм, экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон фаъолияташон мамнуъ, гирифтани садди роҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва тарбияи дурусти онҳо, истифодаи дуруст аз технологияи муосир суханронӣ намуданд.

Дар фароварди ҷамъомад Қудратов Муҳаммадӣ  ва Раҳмихудоева Гулчеҳра баромад намуда, зимни суханронӣ оид ба суханрониҳои  Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ва дастгириҳои рӯзафзунашон нисбати мардуми кишвар ибрози андеша намуда, иброз доштанд, ки мо сокинон суханрониҳои судманди Пешвои миллатро, ки саропо баҳри беҳбудии зиндагии мардум ва шукуфоии Ватан нигаронида шудааст, дастаҷамъома ҷонибдорӣ менамом.

Ҳамзамон, онҳо қайд карданд, мо аз он ифтихормандем, ки ҳизбе, ки сарварии  онро Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар душ доранд, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаи мо таъсис ёфт ва боварии комил дорем, ки сокинони маҳаллаамон бо як рӯҳбаландӣ пайи ободии маҳали хеш камари ҳиммат мебанданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg