АНДЕША. Дастоварди соҳибистиқлолии мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар марҳилаи дуру дарози таърихи гузаштагони мо орзуи соҳибистиқлолӣ мекарданду оид ба сохторҳои давлатдорӣ ва идоракунии самараноки он асарҳо навиштаанд. Ҳамаи талошҳои аҷдодони мо барои он буд, ки насли минбаъдаи онҳо дар идоракунии давлатӣ ба хатогӣ роҳ надода, ҳазорсолаҳо давлати худро идора намоянд.
Барои хонанда мехоҳам замони солҳои 90-умро пеши назар орам. Дар он вақтҳо ҳавои зимистон сард буду дар дили мардум тарсу ҳаррос қарор дошт. Мардум аз ҷиҳати руҳу равонӣ хашмгин ва ба ҳамдигар бовар намекарданд. Танҳо овозаҳои шум ва фавти нафарон шунида мешуд. Дар роҳу кӯчаҳо нафарони нодор бештар ба назар мерасид. Дар дастархони мардум нон аз ҷуворимака, наск, дида мешуд, ки тановули он мушкил буд. Мардум бештар таваҷҷуҳ ба телевизиони давлатӣ мекарданду интизори хабари хуш мешуданд. Кӯчаҳо ва роҳу роҳравҳо холӣ буданд ин тасвир ба дили ҳар як нафар ноумедиро мебахшид.
Дар он вақт, маҳз талошҳо ва баромадҳои вакили мардумӣ буд, ки ба дили шаҳрвандон эътимод мебахшид. Баъди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо марҳила ба марҳила рушд карда, дар қаламрави кишвар амният ва осудагӣ барқарор гардид.
Соҳаҳои фалаҷшудаи кишвар дубора барқарор шуда, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард. Оҳиста- оҳиста дар деҳаву маҳаллаҳо бозорҳо ба фаъолият оғоз карда, зиндагии мардум ранги дигар гирифт.
Баъди имзои созишномаи Сулҳ соли 1997 иқтисодиёти кишвар ба суръати баланд рушд карду шаҳрвандон бештар барои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо майл пайдо мекарданд.
Маҳз пешкаш кардани чунин рӯйдоду воқеаҳои дар болозикршуда баёнгари он аст, ки Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадаасту ҳазорҳо нафар дар барқарор кардани он ҷон нисор кардаанд. Мо бояд ин неъматро пос дорем ва насли наврасро дар руҳияе тарбия кунем, ки ифтихор аз меҳан ва ватандорӣ намоянд.
Сафар Ҳафиза Разоқ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ