БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ ДАР РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ

АНДЕША. Оид ба масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола, солҳои 2019-2021-ро ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуда, қайд карданд, ки «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Дар рушди соҳаи сайёҳӣ пеш аз ҳама мо бояд ба воситаҳои тарғибнамоӣ диққат диҳем.

Қобили қайд аст, ки аҳли ҷомеа худ тарғибгари таъриху фарҳанг ва дигар дастовардҳои миллии худ мебошанд.

Аҳли ҷомеа бевосита худ асоситарин тарғибкунандаи мероси миллат ба ҳисоб меравад.

Дар ин маврид масъулияти баланди илмию ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии васеъро эҳсос намудани мардум лозим меояд. Инсон, ки худ офарандаи неъматҳои моддӣ ва маънавист вале бе мавҷудияти дигар воситаҳои асосӣ наметавонад ҳамчун субъекти тарғибкунанда баромад намояд. Аҳли ҷомеа ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар метавонанд ақидаҳои созандаи худро пешниҳод намоянд, офаранд, барқарор намоянд, тарғиб кунанд ва ниҳоят фоида ба даст оваранд. Ёдгориҳои таърихӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ арзиши баландро соҳибанд. Ёдгориҳои таърихӣ маънои васеъ дошта, кулли дастовардҳои илмию адабӣ, таъриху фарҳанг, бинокорию меъморӣ ва бисёре аз дигар соҳаҳои ҳаётро, ки дар гузашти рӯзгор ба даст омадаанд, яъне маҳсули дар тӯли таърих эҷоднамудаи инсонро дар бар мегирад. Дар баробари ин мардум худ бояд ёдгориҳои таърихии хешро ҳифз намуда, ҳатто метавонанд онҳоро барқарор сознд ва ба ин восита яке аз сарчашмаҳои даромадро дарёфт намоянд. Дар мисоли қасри «Ҳулбук», «Қалъаи Ҳисор», оромгоҳҳои шахсиятҳои шинохта ва ғайра.

Ҳанӯз садсолаҳо пеш бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон ба рушди соҳаи сайёҳӣ аҳамият дода, ин анъанаро то ба имруз  идома дода истодаанд.

Барои расидан ба мақсади  хеш онҳо пешниҳод намуданд, офариданд, ҳифз карданд ва тарғиб намуда, имрӯз ба ҳайси кишварҳои  аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта табдил ёфтаанд.

Воситаҳои ахбори омма  яке аз воситаҳои тарғибкунанда телевизион, радио, рӯзнома, китоб, маҷалла, аксҳо, видеороликҳо, дигар воситаҳо ва дар шароити муосир истифодаи шабакаи байналмилалии интернет ба шумор мераванд, ки дар масъалаи тарғиби таъриху фарҳанг, табиат ва ғайра нақши муҳимро мебозад.

Ҷалби сайёҳон низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар шароити имрӯза бисёре аз сайёҳон қабл аз ба сайёҳат баромаданашон ба ин ва ё он давлати ҷаҳон аз воситаҳои ахбори омма хусусан интернет истифода намуда, маълумот пайдо менамоянд. Пас моро зарур аст, ки ҷиҳати тарғиби зебогиҳои Ватан ва ёдгориҳои беназири он масъалаи забономӯзӣ, истифодаи технологияи муосирро дуруст ба роҳ монем то ба ҳамаи забонҳо битавонем онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Дар чунин ҳолат агар мо низ тавонем аз худ ёдгориеро пешкаши тамошобинон кунем, пас дар рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар саҳме гузоштаем.

Баҳром Одинаев, мудири шуъбаи идораи рӯзномаи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg