БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ БА КӢ ОВОЗ ДОДАНИ ХУДРО МЕДОНАНД

АНДЕША. Дар арафаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҳизбу  ҳаракатҳо ба ҷунбиш медароянд, ба ибораи дигар “зинда” мешаванд. Агар баъзеашон барои пешбарии номзадҳои худ кӯшиш намоянд, баъзе ҳизбҳои мамнӯъ, ки фаъолияташон ҳамчун ҳизбу ташкилоти террористӣ -  экстремистӣ манъ карда шудааст, ба он кӯшиш менамоянд, ки дар гузаронидани интихобот халал ворид намуда, баргузории онро дар чашми ҷаҳониён ғайриқонунӣ намоиш диҳанд.

Мисоли ин гуфтаҳоро имрӯз мо дар таблиғу ташвиқи ғаразона, душманонаи хоинони миллат, роҳбари Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш, аъзои Гурӯҳи- 24 ва Паймони дурӯғини миллии  Тоҷикистон мушоҳида карда метавонем.    Душманони миллат пешрафту тараққёти Тоҷикистонро нодида гирифта, онро дар чашми мардум тарзе нишон медиҳанд, ки гӯё дар давоми 29 соли замони Истиқололияти давлатӣ дар мамлакат кори судманде ба иҷро расонида нашуда бошад.

Дар бораи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ,  инчунин,  бештару зиёдтар дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзе ҳарф мезананд, ки гӯё онҳо озод, шаффоф, демократӣ ва дар доираи қонуни конститутсионӣ гузаронида намешаванд. Ҳол он  ки интихобот дар кишварамон дар доираи қонун бо иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва оммаи халқ баргузор мегарданд.

Шахсе ёфт намешавад бигӯяд, ки ӯро барои овоз,  раъй додан ба ин ё он ҳизб ва ё номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   маҷбур карда бошанд. Мардуми Тоҷикистон дар додани овози худ ба тарфдории ҳизб ва номзаде, ки ӯро ҷонибдорӣ менамояд, озод аст.

Пас, дар ҷавоб ба баромадҳои ғаразонаи душманони миллат мо набояд хомӯш бошем. Моро ҳам мебояд, ки амалҳои нобахшиданӣ ва хоинонаи онҳоро фош намуда, симои аслии онҳоро нишон диҳем.

Сокинони мамлакат дар рӯзи интихоботи Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон  медонанд, ки ба кадом номзад овози худро диҳанд. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки онҳо ба тарафдории номзаде ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй медиҳанд, ки ӯ барои давлати Тоҷикистон, пешрафту тараққиёти он, барои    мардуми он хизмати шоиста  карда бошад ва дар оянда ҳам тавонад барои  гулгулшукуфии  Тоҷикистони азиз ва беҳбудии зисту зиндагии мардуми он  корҳои неки аз пештара дида хубтару беҳтареро  ба анҷом расонида тавонад.

Саидҷалол Сатторов, роҳбари гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg