ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Совет бо мақсади иштироки ҳатмии шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус (COVID – 19), инчунин бо мақсади истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар ин ҷода ҳар як сокини маҳал тасмим гирифт, ки барои таъмини озуқаворӣ дар фасли зимистон маводҳои ғизоӣ захира намояд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузорад. Инчунин, дар идомаи суҳбат дар бораи мавҷи дуюмим бемории коронавирус ва нишонаҳои пайдоиши он андешаронӣ карда шуда, ҳамагонро ҳушдор доданд, ки аз маводҳои античептикӣ истифода баранд ва қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсиро ҳатман дар ин давраи мураккаб риоя намоянд.