ВОКУНИШ. Дар ҳадиси Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) омадааст, ки «Ҳуббул Ватан нисфул эмон», яъне дӯст доштани Ватан ними эмон аст. Агар Ҳизби мамнуъгаштаи Наҳзати исломӣ воқеан ҳизби исломӣ мебуд ва аз рӯи гуфтаҳои ислом амал мекард, метавон гуфт, ки бонуфӯзтарин созмони ҷамъиятӣ дар ҷомеа шинохта ва пазируфта мешуд.
Мутаассифона, роҳбарияти Ҳизби мамнуъгаштаи Наҳзати Исломи зери ниқоби «Ислом» созмоне таъсис доданд, ки ҳадафашон нест ва нобуд кардани миллат ва давлати Тоҷикистон буд. Агар воқеан ин гурӯҳ аз рӯи мазҳаби ҳанафӣ амал мекард, роҳбарияти ин ҳизб худу фарзандон ва хешу ақрабояшро ба мазҳаби шиа шомил намекард. Воқеан, дар айни замон таҳсил намудани 480 нафар хешу ақрабо ва наздикони М. Кабирӣ аз ҳама муҳим шаҳрвандони Тоҷикистон шумораи кам набуда, балки хатаре аст, барои миллати тоҷик, хосса пайравони мазҳаби ҳанафия.
Тарафдорони ин равия арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, расму оини аҷдодӣ, арзишҳои суннати оиладориро инкор намуда, баръакс дину мазҳабро иллати асосии ақибмонии ҷомеа талқин месозанд ва муқобили арзишу дастовардҳо, пояҳои ахлоқи ҷомеаи муосир, илму маориф амал менамоянд.
Бояд эътироф намуд, ки бурди Ҳизби мамнуъгаштаи Наҳзати Исломӣ дар давраҳои аввали фаъолияташ дар он буд, ки роҳбарияти ин ҳизб калимаи барои миллати мусалмон муқаддас «Ислом»-ро истифода бурда, ба боварии мардуми кишвар даромада, онҳоро ба гумроҳӣ мебурд. Метавон гуфт, ки шахсоне, ки ба ин ҳизб шомил ва ё аъзо гардиданд, танҳо ба хотири калимаи «Ислом» буд. Ин гуна инсонҳо аслан шахсиятҳои камсавод ва ё тафаккури мукаммал надошта буданд.
Давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки асоси сар задани ин ҷангро пешвоёни Ҳизби мамнуъгаштаи Наҳзати исломӣ ташкил намуда буд, шомил намудани мардуми Тоҷикистон, махсусан мардуми ҷануб, ки оғуштаи хоку хун, фирор аз хонаву дар, ҷудо аз ҳамсару фарзанд, ёру бародар, падару модар, аз ҳама муҳим аз Ватан гардида буданд, ба ҳизби мазкур осонтар буд. Пешвоёни хоини Ҳизби мамнуъгаштаи Наҳзати Исломи оташи ҷанги шаҳрвандиро аз кишвари ҳамзабони мо, давлати исломии Эрон баланд менамуданд. Хоҷаҳои хориҷӣ наҳзатиҳои тоҷикро, ки эмонашонро бо ду пули ҳаром фурӯхта буданд, мисли бозича бо онҳо бозӣ мекарданд. Хотираҳои талх ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо фаромӯш намешавад. Маҳз наҳзатиҳо барои сӯхтани хонаи мардуми тоҷик, овора намудани онҳо, ба қисмҳо ҷудо намудани Тоҷикистон, расонидани хисороти зиёд ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз байн бурдани фарҳанги ҳазорсолаи миллати тоҷик ва аз ҳама муҳим нест кардани давлат ва миллати Тоҷикистон даст доштанд.
Моҳ ҳеҷ вақт паси абр намемонад, ҳақиқат ҳар вақт бармало мегардад. Хушбахтона, Истиқлолияту озодӣ, Ваҳдату якдилӣ, сулҳу салоҳ, ки бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва ҳақиқату адолатро дар қалби ҳар як миллати озодахоҳи кишвар, алалхусус аъзо ва пайравони ҲНИ бедор намуда, онҳоро ба сӯйи ҳақиқат ва худогоҳӣ ҳидоят намуд. Имрӯз он қишри гумроҳзада, махсусан ҷавонони кишвар аз фитнаву найранг ва бозиҳои сиёсии пасипардагии пешвоёни ҲНИ пурра воқиф гардида, бидуни ҳеҷ шубҳа будани ин ҳизб ва тарғибу ташфиқи онҳоро тавассути шабакаҳои интернетӣ ва ВАО мамнуъ медонанд.
Имрӯз мардуми тоҷик он мардуми солҳои навадуми асри гузашта нестанд. Онҳо сиёҳро аз сафед ва кӯтоҳро аз дароз фарқ карда метавонанд.Маҳз найрангу фитнаҳои ин ҳизб буд, ки ҳазорҳо нафар мардуми кишвар бехонумон, ҳазорҳо модар бе писар, ҳазорҳо ҳамсар бе шавҳар ва ҳазорҳо фарзанд бепадар монда, ҳазорҳо нафар фирорӣ аз Ватан дар ғарибиҳо бо азоби ғарибӣ зиндагӣ карданд.
Воқеан, таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик борҳо аз санҷиши сангини сарнавишт гузашта, фарҳангу тамаддуни худ, арзиш ва асолати миллиро аз даст надодаанд. Бараъкс ҳама ихтилофҳо, набардҳо, нокомиҳо моро ба пирӯзиҳо расондаанд ва охирин санҷиши сарнавиштсоз тавонист нақшаҳои бадхоҳонро ботил созад ва моро ба Ваҳдат орад. Мо дар назди таърих аз имтиҳони сангину вазнин гузаштаем ва номаи камоли давлату миллатро соҳиб шудаем. Пас ки ва чи боз метавонад моро аз ин Ваҳдат, аз ин роҳи бесобиқаи фарҳанги сулҳ боздорад. Агар касе имрӯз ҳам беҳушу бехуд аст, ба ҳуш ояд, ба худ ояд, чашм во кунаду бубинад, ки мо куҷо равонаем?
Воқеан ҳар нафаре, ки то ҳол гумонзада аст, ба сӯи худ ояд. Агар ба худ ояд, худро пайдо хоҳад кард, ки ин худшиносист. Ҳар нафаре, ки беҳуш аст, ҳушу ақлу тадбир ба сар гирад ва огоҳ шавад, ки ҳақиқат куҷост?! Ин худогоҳист!
Дигар касе ва чизе наметавонад иродаву матонату шарофату рисолати ин миллату давлатро бишканад, зеро рoҳи мо роҳи Ваҳдат, Садоқат ва Муҳаббат ба ин Ватану миллат аст. Боқӣ Ваҳдат хуҷаставу поянда бод!
Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон