БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ҚУБОДИЁН.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст,  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро  баргузор намуда истодаанд.

Дар вохӯрии мазкур  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб бо аҳолии  Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин доир ба  роҳҳои гузариши бемории сироятии коронавирус (COVID-19)  ва роҳҳои пешгирӣ намудани он маълумот дод, сокинонро  ҳушдор  намуд, ки  роҳи  асосии пешгирӣ аз ин бемории ҳамагир, риояи гигиенаи шахсӣ, қоидаҳои беҳдоштӣ дар хонадон  мебошад.   Ҳамчунин барои бештар маълумот пайдо намудани сокинон аз ин бемории коронавирус маводҳои таблиғотӣ  тақсим карда шуд.      

Ҳамзамон, дар ин раванд, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосилҳои дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg