ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Вайсов бо усули “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус гузаронида шуд.
Зимни гузаронидани суҳбатҳо бо шаҳрвандон қайд намуданд, ки барои пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ доимо қоидаҳои гигиениро риоя намуда, аз хӯрокҳои серғизо истифода баранд. Барои захира намудани маҳсулоти хӯрокворӣ заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии худро самаранок истифода намоянд.
Сипас, бо максади огоҳ намудани сокинон аз хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.