БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - ҚИШРИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР

АНДЕША. Дар замони шиддатёбии рақобатҳои геосиёсии давлатҳои абарқудрат, густариши терроризму ифротгароӣ, раванду омилҳои манфии гумроҳсозию мағзшӯйи ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва гироиши онҳо ба ниҳоду созмонҳои гуногуни террористӣ масоили худшиносию худогоҳии миллӣ, бедории маънавӣ, зиракии сиёсӣ ва ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон дар ҷомеаи кунунии мо аҳамияти муҳиму мубрам касб кардааст. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таблиғгари фарҳангу забон ва арзишҳои муқаддаси миллӣ аст, ҳамеша дар мулоқоту суханрониҳои худ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа доир ба худшиносию ифихори миллӣ ва бедории маънавию зиракии ҷавонони тоҷик изҳори андеша менамояд. Оре, дар замони муосир рӯ овардани зиёиёни миллат ва ҷавонони худогоҳӣ он бо фарҳангу маънавияти миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳиму бунёдии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст,  онҳоро аз гумроҳию нодонӣ, фирефта шудан ва гаравидан бо ниҳоду созмонҳои террористиву ифротгароӣ эмин нигоҳ медорад. Дар замони осебпазирию коста шудани арзишҳои динию миллӣ, паст рафтани ахлоқу одоби наврасону ҷавонон нақшу мақом ва нуфузи зиёиён ва махсусан, устодону омӯзгорон, ки ба таълиму тарбия шуғл меварзанд, бисёр бузург аст.

Омӯзгорони асил   бояд масъулияту вазифаи худро дар боло бурдани худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, зиракии сиёсӣ, бедории маънавӣ ва ватандӯстию ватанпарастии ҷавонону наврасони имрӯза дарёбанд ва ҳамвора саъю кӯшиш намоянд, ки қишри ояндасози ҷомеа бофарҳангу маърифатнок ба камол расанд. Наврасону ҷавонони мо агар ватандӯстию  зиракии сиёсӣ ва худшиносию ифтихори миллӣ дошта бошанд, онҳо ҳаргиз ба ниҳоду созмонҳои террористиву ифротгароӣ ворид  намешаванд, ба миллату Ватан хиёнат намекунанд ва барои манфиатҳои бегонагон ҷони худро дар Сурияву Ироқ  ва  Афғонистон қурбон намекунанд. Чунончӣ, як гурӯҳ ҷавонони тоҷик бо далели фирефтаю мағзшӯӣ шудан ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ҳамла карданд ва онҳоро ба қатл расониданд.  Ҳамчунин, собиқ афсари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Маҳмадалӣ Расулов ба Ватану миллат ва давлати Тоҷикистон хиёнат карда, Кумитаи амнияти миллӣ ва давлатии Тоҷикистонро ба терроризм гунаҳкор кардааст, ки ин сухану гуфтори ватанфурӯшу хоин М. Расулов иғвогарию дассисабозӣ ва туҳмату буҳтон аст.

Мо устодону омӯзгорон ва ҳамаи зиёиёни кишвар бояд бо амалҳои созандаи худ дар мавриди ҳифзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло бурдани мақому нуфузи кишвар, дастгирию ҷонибдории ташаббусу иқдомҳои бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва таълиму тарбияи насли оянднасози давлату миллати фарҳангсолори тоҷик саъю кӯшиш намоем.

Тӯли зиёда аз бисту нуҳ соли Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба  ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, аҳли гиро ва заковати Худододаи  ӯст. Дар ҳоле, ки бемории короновирус тамоми дунёро фаро гирифтаву имрӯз ҳама мардуми сайёра бо ин беморӣ мубориза мебаранд, ин абармарди  беназир ҷони худро дар хатар гузошта, аз чизе наҳаросида дар байни мардум рафта, аз ҳолу аҳвол ва шароити зисту зиндагии мардум хабар мегиранд. Имрӯз хоинони миллат аз ҳар тараф даъвои ватандорӣ намуда, Ҳукумати   конуниро гунаҳгор месозанд. Вале ин тарсуҳои ватанфурӯш дастовардҳои дар зарфи 29 соли  ба даст омадаро нодида гирифта,  талош бар он доранд, ки сулҳи бо чи қадар заҳматҳо ба даст омадаро халалдор созанд. Халқ худаш дарк  намудааст, ки киву чиро бояд интихоб намояд. Мо занону модарон ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами кишвар, фарзанди фарзонаи халқу миллат Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ҷодаи созандагиву бунёдкорӣ, дар руҳияи ватандӯстиву пос доштани арзишҳои  миллӣ тарбия намудани насли наврас ҳамеша омодаем. Интихоби мо  Пешвои мо!

Сироҷиддинова Дилафрӯз, директори МТМУ №17-и  ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg