
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Заркамари Ҷамоат деҳоти ба номи Миралӣ Вайсов мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 ва истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ, масъулин ба аҳолӣ маълумотҳои зарурӣ оид ба бемории мазкур дода, таъкид карданд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва пӯшидани ниқобҳои тиббӣ беҳтарин роҳи наҷот аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар идомаи сухан истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ба дарки ҳамагон расонида шуд.