БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОБИҚАДОРОНИ ҲИЗБ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХЕШ НАТИҶАГИРӢ КАРДАНД

Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои собиқадорони ҳизб дар вилояти Хатлон бо иштироки аъзои он доир шуд. Дар кори шӯро панҷ масъала баррасӣ гардид.

Аҳмадҷон Ализода, узви шӯро, тартиби ҷаласаро ба ҳозирон мушаххасан фаҳмонид.

Барои пеш бурдани кори маҷлис ҳайати кории раёсат аз рӯйи тартиби зайл интихоб шуданд: Миралиён Қиёмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Исмоил Шафиев, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб ва Аҳмадҷон Ализода, собиқадори ҳизб.

Аз рӯйи масъалаи якум ҳисоботи раиси шӯро Исмоил Шафиев шунида шуд. Ӯ таъкид дошт, ки дар роҳи дастёбӣ ба ҳадафи идеологӣ – фароҳам овардани шароит барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон пайваста тадбирҳои созандаи дорои хусусияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва иқтисодиро амалӣ гардонида истодааст ва бо мақсади мусоидати фаъол дар ин ҷода аъзои Шӯрои собиқадорони ҳизб низ донишу таҷрибаи худро истифода мебаранд.

Гуфта шуд, ки 37 дарсади аъзои ҲХДТ (185 ҳазору 247 нафар) ба вилояти Хатлон рост меояд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 фисад ва дар қиёс ба 5 соли охир 16,3 дарсад афзоиш ёфтааст.

И. Шафиев афзуд: “Мо бо ин дастовардҳои хеш бояд қаноатманд набошем ва фаъолияти хешро беш аз пеш хубтару беҳтар намоем, то ҷавонон аз натиҷаҳои хуби меҳнатии собиқадорони ҳизб истифода намоянд”.

Ӯ аз солҳои нобасомони қарни гузашта, ки миллати тоҷик дар вартаи нобудӣ қарор дошту ҳазорон пиру ҷавон сарсону саргардон дар хоки дигар давлатҳо буданд, мисолҳо овард.

“Ҳоло кишвари мо дар миёни дигар давлатҳо ҳамчун кишвари амн эътироф шуда, аз баракати сулҳу оромӣ шаҳрвандони мамлакат метавонанд, ки президенти ояндаи кишварро худ интихоб кунанд. Ҳар як шахси солимақл бояд ба ҷонибдорӣ аз номзади арзанда раъй бидиҳад", - гуфт ӯ.

Масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис интихоби аъзои Шӯрои собиқадорон буд, ки ҳайати он иборат аз 21 нафар тасдиқ карда шуд.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзнома – интихоби раис, муовинон ва котиби Шӯрои собиқадорон Қиёмиддин Миралиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, баромад намуда, дар ҳамоҳангӣ бо аъзои шӯро пешниҳод карданд, ки Исмоил Шафиев раис, Ализода Аҳмадҷон ва Хосият Миралиева, муовинони раис ва Солеҳамо Қосимова котиби шӯро интихоб карда шуданд.

М.Қиёмиддин дар идомаи баромади хеш гуфт, ки фаъолияти шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилоят қаноатбахш буда, аъзои он дар шаҳру навоҳии вилоят дар самти пиёда сохтани сиёсати олии ҲХДТ нақши бориз доранд.

“Мо талош карда истодаем, ки барои аъзои шӯро дар биноҳои кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳиявӣ утоқи корӣ ҷудо намоем, то онҳо аз ин дида ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданду таҷрибаи андӯхтаи хешро ба насли ҷавон омӯзонанд.

Ҳоло кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру навоҳии вилоят бо 17 бинои наву замонавии дорои шароити мусоиди корӣ таъминанд. Дар 4 бинои дигар корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қаро дорад. Тасмим аст, ки то соли 2021 ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо бо бино ва нақлёти хизматӣ таъмин шаванд", – афзуд ӯ.

Масъалаи чоруму панҷум тасдиқи нақшаи кории Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои нимсолаи дуюми соли 2020 ва омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз ҷониби аъзои шӯро доир ба масъалаҳои болозикр қарори дахлдор қабул карда шуд.

Саидқул Шомалангзода, собиқадори ҳизб, дар ҳузури иштирокдорон бобати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҳарф зада, нақши ҲХТД-ро дар рушди босуботи кишвар зери роҳбарии Раиси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассир арзёбӣ кард.

Шумораи аъзои ҳизб аз ҳисоби занон дар вилоят беш аз 85 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки бештари онҳо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намуда истодаанд.

Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, узви ҲХДТ, қайд кард, ки хидматҳои шоёни занони хатлонӣ, ки дар давраҳои душвори ҳаёт дар паҳлуи мардуми осебпазир буданд, ҳаргиз фаромӯш наҳоҳад шуд. Онҳо, ба қавли ин шахси масъул, омодаанд, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ ба номзади арзандаи хеш овоз диҳанд.

Амиршои Хатлонӣ, узви Шӯрои собиқадорон аз эҷодиёти хеш шеърҳо қироат кард. Муҳтавои онҳо аз тараннуми ватан, дифои марзу буми он ва хизмати шоёни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҲХДТ иборат буд.

Асалмо Сафарова, сармуҳаррири рӯзномаи "Хатлон", илова кард, ки як давлати бидуни пояҳои устувор ва дар алангаи тиру туфанг қарордоштаро Раиси ҲХТД муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эътидол овард, ки ҳоло мардум дар шароити созгор дар давлати ободу зебо ҳаёт ба сар бурда истодаанд.

Дар охири маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба хотири ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтари меҳнатӣ миёни иштирокдорон табодули назар сурат гирифт.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

                    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg