БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИНОН САГОНИ ҲАМСОЯНД…

ВОКУНИШ. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки вазъи сиёсии ҷаҳон  зудтағйирёбанда ва пешгӯинашаванда аст. Ҳар  нафаре, ки  аз  шабакаҳои   интернетӣ  истифода  мебарад,  метавонад   мушоҳида  намояд,  ки пеш аз баргузории чорабиниҳои сиёсиву давлатӣ,  шахсони бадхоҳ, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, нафарони  харидашудаю ватанфурӯшон  барои  ноором сохтани ҷомеиа осоишта ба  қавле бисёр фаъол гардида, сенарияву  баромадҳои  дурӯғро  тартиб дода,  мехоҳанд   худро ҳамчун  шахси  «ватандӯст, некхоҳи  мардум ва  шахсони озодихоҳ» нишон диҳанд.  Дар асл  мақсади ягонаи ин  гурӯҳ  як аст танҳо расидан ба мақсадҳои хоҷагонашон ва гирифтани пулу мол бар ивази хизматҳояшон. Махсусан дар шабакаҳои интернетии  You Tube,  Facebook,  Instagram, хоиноне, ки ба хотири  молу  сарват  аз  баҳри муқаддастарин арзишҳо  ба мисли Ватан- Модар  гузаштанду  ҳалқабаргӯши  хоҷагони хориҷиашон гаштанд,  ин нафарон  Муҳиддин Кабирӣ,  Муҳаммадиқболи  Садриддин, Мирзо Салимпур,  Шарофиддин  Гадоев  ва як чанд афроди роҳгумзадае  мебошанд,  ки  бо ҳар ном дар паи ҷустуҷӯи  туҳмату буҳтонҳо  ҷони худро фидо  карда   истодаанд. Дар  ҳақиқат айбҷӯи кардан, туҳмат задан, барангехтани кинаю адоват осон аст, нисбат  ба  бунёду обод кардан. Ҳар нафаре, ки ба тамошои баромадҳои ин ҷоҳилон  мепардозад,  бояд дарк намояд, ки саги ҳамсоя хонаи моро нигоҳ намекунад  ва инҳо ҳеҷгоҳ дар фикри пешрафти давлат ва  баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нестанд  ва  танҳо барои манфиатҳои  шахсии худ нақш бозида истодаанд. Мардуми заҳматкашу бунёдгари тоҷик борҳо аз хиёнату амалҳои ноҷавонмардонаи  ин афрод огоҳӣ пайдо карда, сулҳу оромии ба ҷон омадаро бо ҳеҷ чиз  иваз намекунанд. Алалхусус,  мо ҷавонон аз таърихи миллати худ огоҳӣ пайдо карда, ҳеҷгоҳ  намегузорем, ки сагони  бадхоҳ ин Ватани  ободу зебои моро ноором созанд.

Худойдод  Ёров, мудири   шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg