БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛЛАТИ ТОҶИК АЗ ИН ИМТИҲОНИ СИЁСИИ БЕГОНАПАРАСТӢ ҲАНӮЗ СОЛҲОИ 90-УМИ АСРИ ГУЗАШТА ДАРСИ ИБРАТ ГИРИФТА БУД

АНДЕША.  Дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ намудан , ин худ як неъмати бузургу бебаҳост.

Кишвари  азизи мо, ки  торафт ободу  зебо  ва  сатҳи  зиндагии  аҳолӣ  сол  аз  сол беҳтар мегардад, ҳамаи  ин  самараи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, самараи  сиёсати  дурандешонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аст.

Шукрона,ки  имрӯз мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва рӯ ба тараққӣ, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт мустаҳкамтар мегардад.

Маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамаи  душвориҳо  марҳила ба марҳила паси сар шуда, имрӯз тамоми мардум сарҷамъ ва дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагонӣ доранд.

Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, якпорчагии давлат, роҳандозии  муносибатҳои  дӯстона  бо  ҳамаи  давлатҳои  ҷаҳон  мебошад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ  аллакай дарк намудааст, ки Тоҷикистон дар тамоми самтҳо рӯ ба пешравӣ дорад. Таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ худ гувоҳи пешрафт ва марҳила  ба  марҳила  беҳтар  шудани  сатҳи зисту зиндагонии аҳолии кишвар аст.

Бидуни замон, ҷомеаи ҷаҳони Сарвари давлати моро ҳамчун сиёсатмадори  варзидаи  сатҳи  ҷаҳонӣ мешиносад.

Мутаассифона,  ин  ҳама  пешравиҳо  барои   ҳаракати  ба  ном  Паймони  миллӣ,ки бевосита ташкилоти экстремистию террористии собиқ Ҳизби  наҳзати ислом, Гурӯҳи 24 як қатор дигар ташкилотҳои экстремистии  мамнӯъ  дар кишварамон,ки ба ин ҳаракат шомиланд ва ҳамчунон ҳаммаслаку хоҷагонашон таҳти роҳбарии Муҳиддини Кабирӣ хушоянд  нест, аз ин рӯ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд иғво барангехта, сиёсати  пешгирифтаи  роҳбарияти  мамлакатро  дар назди ҷаҳониён нодуруст  арзёбӣ намоянд.

Овардаи бузурге  ҳаст, ки:-

Ту, ки аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Халқи  азизи  Тоҷикистон, ҳатто  ҷаҳони  муосир  дарк  намудааст,ки мақсаду  мароми  ин  тӯдаи  бо  ном  мухолифи  давлату  Ҳукумати Тоҷикистон, марому ормонҳои мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон набуда, балки ҳадафҳои нопоки хоҷагони хориҷии ташкилоти террористиву экстремистии наҳзатиҳо буда, ҳадафи асосӣ ноором сохтани фазои сулҳу суботи кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Чаро мо, аз се чор ташкилоту ҳаракатҳои шомили Паймони миллӣ буда, маҳз номи ҳизби наҳзати исломиро ба забон овардем, чунки таърихи башар исбот кардааст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо  таъсису ташкил намудани  ҳизбу  ҳаракатҳои  бо  ном  исломиву  характери  динидошта ва бо маблағгузориҳои ҳангуфт,  дар  ин  ё  он  давлатҳои  рушдкунанда  ва  маҳз  ба  давлатҳои  бо  ном  исломӣ, ҳадафҳои ниҳоии хешро роҳандозиву амалӣ  менамоянд,ки дар ҳама ҳолатҳо ба манфиати мардуми оддии мусулмон  набудааст.

Ҳатто ин падидаро роҳбарияти собиқ ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, алалхусус Муҳиддини Кабирӣ ва пайравонашон, дар ҷаҳони ислом ташаккули худшиносии динии халқҳои  мусулмон маънидод мекунанд, аммо ин аз воқеъият дур аст, зеро ҳар фарди мусалмон  ба Худованд  имони  комил  дорад  ва  фаризаҳои  диниро  дар  доираи  талаботи   дини  мубини ислом, китоби  муқаддаси  Қуръони  маҷид  ва ҳадисҳои Расули  Худо Муҳаммади  Мустафо (С)  иҷро  мекунаду ислом ниёз ба ягон ҳизбу ҳаракат надорад.

Бедил аз шапарра кайфияти Хуршед мапурс,

Ҳақ ниҳон нест, вале  хиранигоҳон  кӯранд.

Ва   инҷо  ҳама  равшану  возеҳ аст,ки чунин ҳизбу ҳаракатҳои характери динидоштаи дунявӣ, зери ниқоби исломи ноб, иғвоангезиву фитнаҷӯӣ  ва  бо  ин амалҳо мехоҳанд, нафси хешро қонеъ намудаву хоҷагони  хешро,ки  бо  маблағгузорӣ  ташкилоти  онҳоро созмон  додаанд, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоиашон барномаҳо таҳрезӣ намудаанд, амалӣ созанд.

Имрӯз дунёро накӯ бингарӣ ҳама панд асту мо қариб,ки 24 соати шабонарӯзӣ дар шабакаҳою сомонаҳои  интернетӣ мебинему  мехонем,ки  худи Муҳиддин Кабириву пайравонаш, албатта бо сад фоиза дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷиашон аз хориҷи кишвар ба роҳбарияти кишварамон санги маломат мезананд,ки ин хоҳу нохоҳ обрӯву нуфузи миллату  давлати  моро  дар  арсаи  байналмилалӣ  коста  мегардонад.

Ин тӯдаи бомжҳои аврупоӣ, бегонапарастӣ намуда, ҳеҷгоҳ андешаи нуфузи  миллатро  намекунанд, танҳо онҳо бо ин васила мехоҳанд нафси хешро қоневу ҳокимиятро ба даст оранду мардумро ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷаҳояшон созанд.

Дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки наҳзатиҳо бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Онҳо дуруст медонанд, ки имрӯз аксарияти мардуми кишвар, махсусан муҳоҷирону ҷавонони  даврони муосир бо шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст ҳастанд ва барои онҳо сайтҳову сомонаҳои тоҷикии шабакаҳои интернетӣ майдони калони таблиғу ташвиқи ақидаҳои ифротист.

Бо дарназардошти ҳамаи  ин афзалияти калонро моҳирона истифода мебаранд, то ки мардуми  кишвари  худро мағзшӯйи бикунанду зидди сиёсати давлату ҳукумат бишӯронанд. 

Албатта, барои ин корашон аз хоҷаҳояшон маблағҳои калон гирифта истодаанд, аммо ин дер давом намекунад, подоше, ки онҳо сазоворанд шармандавор аз сӯи хоҷагонашон ҳатман мегиранд, чунки мардуми Тоҷикистон мардуми Белорусия нест, халқи Тоҷикистон, аз ин вартаи ҳалокатвори  сиёсӣ  ҳанӯз солҳои 1990-ум  дарси  ибрат  гирифтаву фаромӯш  накардаанд,ки  ин  ҳама  дассисабозиҳо дасти бегона ҳасту оқибати марговар дорад.

Пас кӣ будани онҳоро дарк кардем, ки “дилсӯзи” ин миллату меҳан будани  хешро  нишон додаву  амалии кадом ҳадафро  роҳандозӣ  мекардаанд. Онҳо беш аз бозичаи дасте нестанд,ки ихтиёр ба худ дошта бошанд, паи  иҷрои  дастуре  супориши душманони миллату давлати Тоҷикистон   буда, на   дар  фикру  андешаи  дурахшонии   ин  миллату  Ватан  ҳастанд, агар онҳо заррае ба ин миллату ин Ватан эҳтиром мегузоштанд, чунин  разилонаю  ҳасадбарона  нисбати  рушду  тараққиёти  ин  кишвар  тариқи  сомонаву  сайтҳои интернетӣ барномаҳои иғвоангезонаро  таҳрезиву  пахш намекарданд, балки барои номи неки миллати  тоҷику  Тоҷикистони  азиз  дар  арсаи  ҷаҳонӣ  ба корҳои хайру сахо, пуштибонӣ аз миллату давлатро анҷом медоданду дар ин айёми  марҳила ба марҳила паҳншавии  вабои  коронавирус,ки ҳамаи сокинони сайёраро ба  ташвиш  овардааст,  суйистифода  аз  минбарҳои баланди ҳуқуқии созмонҳои байналмилалӣ дасти кумак ба ҳаммиллатони азиз, махсусан муҳоҷирони берунмарзӣ  мерасониданд, авлотар  аз  ин  дассисабозиву  низоъандозиҳо  буд.

Ин  ҳама  навиштани  андешаро  мо  аз  рӯи  ҳавову  ҳавасе  не, аз  рӯи васфу лагандбардорӣ  бар  касе  не, балки  аз  рӯи  виҷдону  инсоф, худогоҳиву  худшиносиамон  рӯи  коғаз  овардаему  бо шукргузорӣ  аз  сулҳу  суботи кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии  ҳаммиллатонамон  рӯҳу  илҳоми  тоза  мегирем, зеро  ин  худ неъмати  Иллоҳиву  бебаҳоест,ки  мо  миллати  тоҷикро  бо  рушду  тарақиёти  соҳаҳои  мухталифи  ҷомеаи  имрӯзаамон  ба  қуллаҳои  баланд бурда мерасонад.

Бо дарназардошти маъракаи муҳими дар пешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, мо  бояд  худогоҳу  худшинос  бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳаргиз нагузорем,ки бадхоҳони миллати тоҷик, аз қабили ташкилоти   террористиву  экстремистӣ   ва  ифротгароӣ  наҳзат, гурӯҳи  24 ва  ғайра  тӯдаҳои   фирефташудаи   авбош  ба мақсадҳои разилонаву ғаразнок  ва  хиёнаткоронаи   хеш   расида,  фазои ороми кишвари ҷононоҷони  моро  халалдор  созанд.

Муҳаммаддовуд  Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg