
Н.ХУСРАВ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав, санаи 27- уми август вобаста ба истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ, руйёнидани ҳосили баланд ҳамчунин роҳҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, риояи ҳатмии беҳдошт дар байни сокинони деҳаи Бешкаппаи Ҷамоати деҳоти «Наврӯз» баргузор намуданд.
Ба сокинони деҳа бо усули «хона ба хона» вохӯриҳо баргузор намуда, таъкид намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои иҷро варақаҳои тавсия ва таъкиди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуданд
Бо мақсади расонидани кӯмак вобаста ба безарагардонӣ аз ҳисоби Кумитаи иҷроия маводи безаргардонии маҳлули хлор ба миқдори 1 кг. ва 140 адад ниқоб дастраси сокинон намуданд.
Ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар заминҳои наздиҳавлигию хоҷагиҳои деҳқониро ҳаматарафа фаҳмонида доданд.