БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ– ба ҷавонон ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд

КӮЛОБ.  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки насли ҷавонро  дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ тарбия ёфтан ва соҳиби донишҳои муосир, азхуд намудани технологияҳои инноватсионӣ ба хотири ояндаи устувору пояндаи ҷомеа тамоми нерӯи худро равона сохта, пайваста тавассути суҳбату мулоқотҳо ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ иқдом менамоянд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагон-1” бо иштироки васеи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, ки аксарият ҷавононро ташкил медод, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маҷлис баргузор карда шуд.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин баромад намуда, қайд кард, ки ҲХДТ тавассути ғамхориҳои Раиси муаззами он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу ибтикороти ҷавонону занонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад ва дар маҷмӯъ кӯшиш менамояд, ки онҳо ба сатҳи ҳарчи беҳтар ва шоистаи зиндагӣ муваффақ гарданд.

Дар навбати худ дигар иштирокчиён баромад намуда, гуфтанд, ки зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат сарҷамъ шуда, дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ҳамеша барои ободиву шукуфоии Ватан саҳм гузошта, кӯшиш мекунанд бо ташаббусҳои неку созанда Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg