Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Арабхона ба сокинон роҳҳои пешгирии бемории каронавирусро бо усули «хона ба хона» кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав фаҳмонида, ҳамчунин моҳияти самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигиро ба дарки ҳамагон расониданд.
Дар суҳбат масъулин таъкид карданд, ки беҳтарин табобат ин ба изтироб роҳ надодан ва то як муддати муайян дар хона мондан аст. Ҳамчунин, огоҳ намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои иҷрои ба онҳо варақаҳои тавсиявӣ ва таъкидии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуданд..
Ҳамчунин, дар идомаи суҳбат моҳияти истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзиро ба дарки сокинон расонида, таъкид намуданд, ки бештар ба меҳнати софдилона машғул гардида, барои фасли зимистон маводи ғизоиро барои рӯзгорашон таъмин намоянд.