ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар асоси Аксияҳои ҳизбии “Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем” ва “Дар таъмини озуқавории шаҳрвандон саҳм мегузорем” дар байни сокинони деҳаи Ҷомбахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт суҳбат гузаронида, одамони дорои имконият, шахсони саховатпеша ва соҳибкоронро дар асоси сиёати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии оилаҳои ниёзманд даъват намуданд.
Аксияҳои ҳизбии “Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем” ва “Дар таъмини озуқавории шаҳрвандон саҳм мегузорем” аз тарафи соҳибкорони саховатпеша Саймумин Бобоназаров ва Саймуртазо Ғоибов дастгирӣ ёфта, Саймумин Бобоназаров ба 10 нафар ва Саймуртазо Ғоибов ба 100 нафар шахсони муҳтоҷи ёрӣ баъди баргузории суҳбат ба миқдори муайян маводи хӯрока кумак намуданд.