
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг чорабиниҳои гуногуни беҳдоштиро амалӣ менамояд. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия дар деҳаи Чанори Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ аксияи таблиғотии “хона ба хона” ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани истифодаи самараноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ барои таъминоти оила дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 гузаронида шуд.
Дар ин рӯз заминҳои 83 нафар бошандагони деҳа аз назар гузаронида шуда, ба заминистифодабарандагон дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки замин ва омодагӣ ба зимистон фаҳмонида шуд.