БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲЁИ КАСБУ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА РУШДИ САЙЁҲӢ - МУАРРИФИКУНАНДАИ АСОСИИ СИМОИ МАМЛАКАТ

АНДЕША. Тоҷикистон як гӯшаи биҳиштосои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки имрӯз тамоми сайёҳону меҳмонони олам мафтуну шефтаи он гаштаанд. Маҳз тавассути сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ҷумҳурии мо ободу зебо гардида, таваҷҷуҳи сайёҳон ба минтақаҳои зебои он меафзояд. Талошҳои пайвастаи Сарвари давлат барои муаррифии забон, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ равона шудаанд.

Зимни Паём Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро дар мамлакат “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Мақсади равонашуда ин барои рушд додани ҳунарҳои халқӣ, дарёфти ҳунармандони болаёқат ва таваҷҷуҳи сайёҳонро ба Тоҷикистони биҳиштосои мо ҷалб кардан мебошад.

Туризм яке аз соҳаҳои сердаромад шумурда шуда, барои таъмин намудани ҷойҳои нави корӣ, пешрафти иқтисодиёди миллӣ ва мустаҳкам кардани робитаи дӯстӣ бо дигар халқияту миллатҳои гуногун таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Дар баробари рушди туризм аҳолиро зарур аст, ки истеҳсоли молҳои ниёзи мардумро дар хона бо сифат хуб ба роҳ монанд ва дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ нақши созгор гузоранд, ки ин яке аз василаҳои муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад.

Дар ин росто агар дар ҳама мавзеъҳои сайёҳии минтақаҳои кишварамон савдои армуғонҳои миллиро, аз қабили маснуоти заргарӣ, зардӯзӣ, зардеворӣ, сӯзанӣ, кашидадӯзӣ, асбобҳои мусиқӣ, бозичаҳои гуногуни сафолин, дар заминаи афсонаҳою ривоятҳои халқӣ, буклету албомҳои мусаввар, китобчаҳои мунақаши ашъори шуарои классик ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, чинӣ, олмонӣ, ҷопонӣ, нишонҳо, бастаҳои ғӯлинг, донак, мавиз, бодом, печаку набот ва ғайраро бо рамзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манзараҳои зебои он ба роҳ монем, боиси он хоҳад гардид, ки ҳам ба мардум даромад мешаваду ҳам ба буҷети ҷумҳурӣ.

Яке аз дастгириҳои муҳиму саривақтии Сарвари дилсӯзу ғамхор ин аст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ фурӯши чунин молу мавод дастур доданд, ки аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад.

Боиси ифтихори тамоми мо тоҷикон аст, ки Тоҷикистон дар раддабандии ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.

Дар робита ба ин нишододҳои тарғиботии Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори омма табиати биҳиштосои Тоҷикистон, маконҳои таърихӣ ва имкониятҳои дигари мавҷударо ҷиҳати боз ҳам рушди саёҳати дохиливу хориҷӣ тарғиб намоянд

Маврид ба зикр аст, ки бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида, симои мамлакат ҳамчун давлати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор мегардад.

Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои худшиносии миллӣ,  фарҳанги миллӣ,  рисолати давлатдорӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ,  эҳёи суннатҳои таърихӣ,  фарҳанги қадимаи ниёгон,  санъати амалии халқӣ, кашидадузӣ, чакандӯзӣ, меъморӣ, кулолгарӣ хусусан санъати заргарӣ эҳё гардида, ривоҷ ёфта истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид  ба  зарурати омӯзиши мероси таърихии халқи тоҷик чунин ибрози ақида намудааст: «Яке  аз  сарчашмаҳои худшиносии миллӣ,  ки решаҳои шукуфони маънавию фарҳангии халқи моро шодоб мегардонад,  ин  мероси таърихӣ бо мафҳуми васеаш ва хотираи таърихӣ мебошад, ки дар  дастовардҳои фарҳангии илмӣ,  дар  хираду заковати давлатдорӣ ва ҳашамату бузургии рӯҳи гузаштагонамон инъикос ёфтааст.  Бе такя ба  ин   гузаштаи пурмазмун мо  дар  ҳеҷ соҳае  ба  пешравӣ ноил гардида  наметавонем».

Оид ба масъалаи инъикоси касбу ҳунар шоири тавонои халқи тоҷик Сайидо дар «Шаҳрошӯб»-и худ диққати ҷиддӣ додааст.

Тарғиби касбу ҳунар дар адабиёти тоҷик ҳанӯз аз давраҳои қадимаи авестоӣ ва баъди он аз замони Рӯдакӣ мақоми хоса пайдо карда буд.

Дар  аз  худ намудани касб ва интихоби ҳунарҳои мардумӣ адибони классики тоҷику форс фикрҳои ҷолиб баён карда буданд.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар  китоби  худ  «Футувватномаи Султонӣ»  овардааст, ки ба интихоби касбу ҳунар бо камолоти ҷиддият мулоҳизаи тамом бояд нигарист. Чунки  дар  аксар мавридҳо интихоби касбу ҳунар мисли ҳаводиси азалӣ  ё  воҷиботи тамоми равиши  умри  инсонро муайян  карда  метавонад.   Яъне  «….ҳар ки манфиат гирад ва нафъ нарасонад,  кор накарда бошад.  Пас  ҳар,  ки  аз  дарвешон  ба  касбе машғул нашавад  бори  худ  ба  гардани мардум ниҳода бошад ва сабаби ранҷи оламиён шуда ва  он  дар  тариқ равона бувад…»

Мувофиқи нишондоди Кошифӣ,  барои эҳтиёҷоти ҳаёти худро ба сурат овардан одамон бояд касберо  пеш  гиранд. Санъати заргарӣ ҳунари истеҳсолии маснуъоти бадеӣ аз фулазот, сангҳои қимматбаҳо, устухони фил, садаф ва марворид мебошад. 

Абӯрайҳон Берунӣ зикр намудааст, ки «Ниёгони мо – бохтариҳо, суғдиён, хоразмиён – дар баробари қитбиён, бобулиён, ҳиндувон, юнониён ва дигар қавмҳои бостонӣ маълумоти гаронмояи илмӣ андухта, ҳунарҳои халқӣ аз он ҷумла, касби заргариро хеле ривоҷ додаанд». (Осорулбоқия)

Ҳамаи сарчашмаҳои таърихӣ, алалхусус, «Хазинаи Амударё» аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми Хатлонзамин, хусусан, Кӯлоби бостонӣ касбу кори заргариро хеле ривоҷу равнақ дода, ба дараҷаи баланди санъати амалии халқи тоҷик табдил додаанд.

Дар солҳои Истиқлолият касби заргарӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб хеле инкишоф ёфт ва ҳунармандони Кӯлобӣ қулфи гиребон, силсила, дастпонаҳои чаладор, саркитифӣ, ангуштарин, гӯшвораҳои қафасӣ, муҳаммадӣ, зиреҳи гардан, муҳраи гардан, гӯякчаи кокул, гашничаки гардан, тангаи дастадор ва дигар маснуоти заргариро истеҳсол намуда, пешкаши мизоҷон карданд. Дар Кӯлоби бостонӣ оилаҳои зиёде ба касби заргарӣ машғул мебошанд, ки машҳуртарини онҳо оилаи Шоиновҳо аз деҳаи Сариосиёб, Ҳакимовҳо аз шаҳри Кӯлоб, Бобоевҳо аз кӯчаи Нонбои поён, усто Очил аз деҳаи Тебалай, Шариповҳо ва фарзандони усто Толиб аз кӯчаи Якуми Май, Ғаффоровҳо ва усто Набиҷон аз кӯчаи Нонбои поён, Ҳакимовҳо аз кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев ва ғайраҳо мебошанд.

Намудҳои гуногуни ҳунарҳои халқӣ, аз он ҷумла касби заргарӣ аз беҳтарин ва муҳимтарин санъати амалии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, аз қаъри ҳазорсолаҳо беҳтарин хислатҳое, ки ба мафҳуми зебоӣ, зебопарастӣ ва табъи баланди ҳунармандони Кӯлоб заминро дар худ таҷҷассум намудааст.

Касби заргарӣ дар осори шоирони классикии форсу тоҷик ва муосири тоҷик инъикос гардидааст. Шоири тавоно, шаҳир ва шуҳратёри халқи тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ дар «Шаҳрошӯб» - и худ оид ба касби заргарӣ мисраҳои зерини шеъриро овардааст:

 

Заргар

Ҳар ки як дам ҳамдами он дилбари заргар шавад,

Санг гирад лаъл гардад, хок гирад зар шавад.

Ёди васли он бути заргар маро дар ҷӯш кард,

Хонаи ман омад имшаб, ҳалқаҳо дар гӯш кард.

Дилбари заргар, ки бошад рашки моҳу муштарӣ,

Хонаи худ бурдам ӯро бар забони заргарӣ…

 

Дар «Шаҳрошӯб»-и Сайидои Насафӣ зиёда аз 250 касбҳои мардумӣ инъикос гардидааст, масалан барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ «Шаҳрошӯб»-и Сайидои Насафӣ дар бошуурона интихоб кардани касбу ҳунар кумаки калон расонида метавонад.

Дар солҳои Истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандони халқиро алалхусус, заргаронро ҳаматарафа дастгирӣ намуд, ки вай боиси ривоҷёбии касби заргарӣ гардида, асарҳои нотакрори санъати заргарӣ тавлид ёфтанд.

Дар охир ногуфта намонад, ки иқдоми шоистаи Сарвари давлат, яъне унвон намудани солҳои 2019-2021 ҳаммчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” роҳи ҷомеаро барои расидан ба зиндагии арзанда равшан намуд. Умед аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили асосии пешрафти иқтисодиёди миллӣ хоҳад гашт.

Фирӯзи Саидмӯъмин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg