БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ИШТИРОКИ ХУД ДАР ИНТИХОБОТ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИАМРО АДО МЕНАМОЯМ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва намояндаи Ҷамоати шаҳраки Совет дар Маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳрак мазкур бо  мақсади иштироки ҳатмии шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии мавҷи дуюми бемории сироятии (COVID -19), инчунин бо мақсади истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Дар рафти чорабинӣ  масъулин доир ба иштироки  фаъолонаи шаҳрвандон дар рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиддӣ муносибат намудан дар риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар хонадон, маҳали зист, гигиенаи шахсӣ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои дарихтиёрдоштаи сокинон мулоҳизаронӣ карда, аз ҳамагон ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа, пешрафту шукуфоии Ватан ва  таъмини  амнияти озуқаворӣ даъват ба амал оварданд. Сипас, ба ҳар як иштирокчии  мулоқот  маводҳои таблиғотӣ барои пешгирӣ аз коронавирус ва нишонаҳои пайдошавии он дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg