АНДЕША. Таърих гувоҳ аст, ки минтақаи Осиёи Марказӣ маркази тамаддуни ҷаҳонӣ башумор рафта, дар замонҳои қадим махсусан мардуми тоҷик беш аз 400 намуди ҳунармандиро доро буданд. Дар айни замон дар мамлакат зиёда аз 2,900 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ вуҷуд дорад.
Мавриди тазаккур аст, ки маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати «дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, барои ворид шудани соҳаи мазкур ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудаанд. Бо мақсади рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии кишвар ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармояҳо дар зерсохтори сайёҳӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ маҳз Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 2019 - 2021- ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.
Мувофиқи маълумотҳои коршинос, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода “Дар ҷаҳон баъди нафт ва маводи доруворӣ даромад аз сайёҳии байналмилалӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он 30% содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Дар соли 2015 дар сатҳи ҷаҳон сайёҳон (ташрифи байналмилалӣ) 4,6% афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. ташриф расид ва даромади умумии он ба мамлакатҳо ба $1,5 трлн. баробар гардид, ки ҳудуди 10% ММД ҷаҳониро ташкил медиҳад.
Самти иҷтимоии муносибатҳои ҷамъиятӣ низ соҳаи сайёҳиро ҳамчун манбаъ ва воситаи афзалиятнок дар бахши шуғлнокии ҷомеа арзёбӣ менамояд. Дар ҷаҳон 9%-и ҷойҳои корӣ (аз 11 ҷой 1) ба соҳаи сайёҳӣ ба сифати шуғлҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин кору молрасонӣ рост меояд.
Дар Ҷумҳурии мардумии Чин, ҳамсоядавлати мо, 60 млн. ҷойи корӣ шомили соҳаи сайёҳӣ мебошад, аз ин 73% ё 40 млн. ҷойи корӣ ба намуди сайёҳии дохилӣ рост меояд. Дар сатҳи ҷаҳон ҳамасола наздики 5 млрд. ташрифи сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта мешавад, ки 83%-и он (4 млрд. ташриф) сайёҳии дохилӣ мебошад”. https://investcom.tj/tj/nashriya/116-rushdi-saje-ba-peshrafti-ustuvori-kishvar-zamina-hoad-guzosht.html.
Солҳои охир сайёҳӣ дар Тоҷикистон – яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар босуръат рушд карда истодааст. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намуда, дар Паёми худ 26.12.2020 қайд карданд, ки “То имрӯз дар кишвар зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдор гардидааст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз як миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири кишвари мо дидан кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад. Рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имкони бештар фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем”.
Пайи ин тадбир ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи сайёҳию омӯзишӣ ва ободонии “Сайри Ватан мекунем!”-ро бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон роҳандозӣ намудааст.
Аксияи мазкур, рӯзҳои истироҳат тайи 2 рӯз ҳамроҳи роҳбаладони касбии ширкати сайёҳии “Бунёд-Тур” шурӯъ аз 4 июл то 16 августи соли равон тибқи хатсайр вакилони Маҷлиси вакилони халқи 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо навбат ба сайёҳати таҷрибаомӯзӣ бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва тарғиби мавзеъҳои сайёҳии кишвар баъд аз коҳишёбии шиддати вируси сироятии “COVID-19” амалӣ гардида, 270 нафар вакилон аз имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, корҳои ободонию созандагӣ, боғу гулгаштҳо, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инфрасохторҳои сохташавандаи бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхона ва Осорхонаи миллӣ дидан намуда, ба ноҳияи Варзоб сафарбар гардиданд. Ҳамзамон вакилон аз шароитҳои хизматрасонӣ ва буду бош дар осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм” дидан карданд.
Бояд қайд намуд, ки ин иқдом бо ҷалби вакилони маҳаллӣ дар кишвар бори аввал роҳандозӣ гашта, аз ҷониби аъзоёи ҳизб ва фаъолони ҷомеа хуш ва бо маврид пазируфта шуда, ташкили мунтазами онро ба дигар мавзеъҳои сайёҳии кишвар тақозо намуданд.
Аз таассуротҳои иштирокчиён дар рафти сайёҳат хулоса бар меояд, ки онҳо аз ин аксияи сайёҳию омӯзишӣ хеле руҳбаланд гардида, миннатдории худро ба ташкилкунандагони ин аксия, ки барои рушди сайёҳии дохилӣ, мустаҳкам гардидани алоқаи дӯстӣ ва мубодилаи таҷрибаи корӣ байни вакилони мардумӣ заминаи мусоид гузоштааст, расонида, аз маъмурият барои ба дигар мавзеъҳои сайёҳии кишварамон ташкили чунин сайёҳатҳоро талаб намуданд.
Асроров Саидшо, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон