БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ АЗ ВАСИЛАҲОИ АСОСИИ МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МО МЕБОШАД

АНДЕША. Тавре, ки аз таҳлили коршиносон бармеояд, имрӯз дар аксари мамлакатҳо соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарин ба шумор меравад. Дар аксар кишварҳои дунё қисми зиёди даромади буҷаи давлат аз ҳисоби сайёҳӣ аст. Бахусус, давлатҳое, ки табиати зебо ва таърихи қадима доранд, аз ин дастовардҳои худ васеъ истифода барда, ба буҷаи хеш маблағи зиёдеро ворид месозанд. Рушди соҳаи сайёҳӣ барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ такони ҷиддӣ мебошад.

Мувофиқи маълумоти омории пас аз соли 1998 соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ дар ин самт яке аз соҳаҳои калидӣ дар баробари саноати мошинсозӣ ва саноати сабук мебошад. Мавҷуд будани мероси бои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат ҳаматарафа рушду нумӯъ ёбад.

Тибқи баҳогузории коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳӣ бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон дар фарҳанги нодираш бемисл мебошад, аз ҷумла коршиносон қайд намуданд, ки барои ташкили сайёҳатҳои гуногун мусоид мебошад:

Дар ҷумҳурӣ иншооти зиёди сайёҳӣ, аз ҷумла базаҳои туристӣ, муассисаҳои табобатӣ ва меҳмонхонаҳо, ҳамчунин муассисаҳои варзишию солимгардонӣ, корхонаҳои махсусгардонидашудаи савдо, боғҳою мамнуъгоҳҳо, корхонаҳои нақлиётӣ, тарабхонаҳо, агентию намояндагиҳои таблиғотӣ мавҷуданд, ки ҳатто сайёҳони сатҳи байналмилалиро қабул менамоянд.

Бо дарназардошти шароиту имкониятҳои мавҷуда, имрӯз дар Тоҷикистон сиёсати миллии сайёҳӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Кишвари мо дорои имконияти васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки он боиси болоравии сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ хоҳад шуд. Бо истифода аз табиати зебою чашмаҳои беҳисоби шифоӣ, кӯҳҳои сарбафалаку маконҳои таърихии диққатҷалбкунанда ва зиёратгоҳҳои кишварамон ин соҳаро бемайлон рушд диҳем ва онро ба соҳаи сердаромаду манфиатнок табдил дода, ба нафъи кишвару халқамон босамар истифода барем”.

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи воридшавии сайёҳон ба Тоҷикистон нисбат ба солҳои пешин чанд маротиб афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда моро месазад, ки дар ин самт корҳои таблиғотиро ҷоннок намоем.

Дар баробари ин “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Яъне, имрӯз мо бояд тавонем, ки мавзеҳои гуногуни Тоҷикистонро муаррифӣ намоем ва барои сайёҳон шароити мусоит фароҳам биорем то ин ки тавонем диққати дигар сайёҳонро низ ба Тоҷикистон ҷалб созем.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Хулоса, барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ моро мебояд аввалан сатҳи хизматрасониро хубтар намоем, шароити хуб барои сайёҳон фароҳам орем ва аз раванди сайёҳатҳои сайёҳон ва ақидаҳои онҳо оид ба сайёҳат гузориши муффасал таҳия намуда, бо тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ онро тарғиб намоем, бо ин васила мо метавонем диққати сайёҳони хориҷиро ҷалб кунем.

Зулфов Муҳаммадҷон,  роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg